Ru  | Tj
Вазири тоҷик: Раванди қабули Эрон ба СҲШ печида аст ва чандин сол тӯл мекашад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири тоҷик: Раванди қабули Эрон ба СҲШ печида аст ва чандин сол тӯл мекашад
Акс: SNG.fm

Вазири тоҷик: Раванди қабули Эрон ба СҲШ печида аст ва чандин сол тӯл мекашад

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки раванди қабули аъзои нав ба Созмони Ҳамкории Шанхай дастуруламали вижа дорад ва ҷараёни пазируфта шудани Эрон ҳам ба ин созмон чандин сол тӯл мекашад.

Ба гузориши Sputnik, Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ дар Душанбе бо зикри ин матлаб таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар сурати мувофиқ будани дигар аъзои созмон аз ба узвият пазируфта шудани Эрон пуштибонӣ хоҳад кард.

Вазири хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки дар чор соли ахир дар дастури кори СҲШ масъалаи қабули аъзои нав набудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки моҳи марти соли ҷорӣ Вазири хориҷии Эрон ба манзури ширкат дар Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба Душанбе омада буд ва дар чорчӯби ин сафар ӯро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масоили ҳамкории ду кишвари ҳамзабон дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Имсол Тоҷикистон раёсати давраӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда дорад ва саммити ҷашнии ин созмон 16-17-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.

СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви он ҳастанд ва Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро доранд.

Дар Душанбе нишасти Вазирони хориҷаи СҲШ баргузор шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед