Ru  | Tj
Вазири Толибон: Дар таърих ҳеҷ гурӯҳе мисли Толибон ҳамлаҳои маргталабона анҷом надодааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири Толибон: Дар таърих ҳеҷ гурӯҳе мисли Толибон ҳамлаҳои маргталабона анҷом надодааст
Акс: BBC

Вазири Толибон: Дар таърих ҳеҷ гурӯҳе мисли Толибон ҳамлаҳои маргталабона анҷом надодааст

Нашр шуд

Муҳаммад Холиди Ҳанафӣ, Вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон*, мегӯяд, дар тӯли таърих ҳеҷ гурӯҳе мисли Толибон интиҳорӣ (ҳамлаҳои маргталабона) анҷом надодааст.

Шуморе аз сухангӯҳои Толибон имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори Мавлавӣ Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, Вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибонро нашр кардаанд, ки ӯ, аз ҷумла чунин мегӯяд: “Ҳеҷ гурӯҳе аз ин бештар амалиёти худкуш ё ҳамлаҳои маргталабона анҷом надодааст, аммо Толибон барои ҳукумати исломӣ ин корро карданд”.

Дар ин навор Мулло Ҳанафӣ мегӯяд, ки "ҷиҳод"-и 20-солаи Толибон барои низоми исломӣ ва гум кардани ғуломони Амрико буд.

Қобили зикр аст, ки Толибон Вазорати умури занонро барҳам дода, ситоди онро ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил доданд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед