Ru  | Tj
Вазири турк Тоҷикистонро “шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ” хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири турк Тоҷикистонро “шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ” хонд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Вазири турк Тоҷикистонро “шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ” хонд

Нашр шуд

Хулусӣ Акар, вазири мудофиаи Туркия пас аз мулоқоташ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “мо Тоҷикистонро шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем”.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Хулусӣ Акар пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки “мо имрӯз оид ба масъалаҳои муайяни ҳамкорӣ мубодилаи афкор доштем. Гуфта метавонам, ки кишварҳои мо вобаста ба масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи ҳамсон доранд. Мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем. Ҳарду кишвар арзишҳои умумӣ доранд, ки яке аз онҳо асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки мардумони мо имрӯз аз он баҳра бурда истодаанд».

Вазири турк ҳамчунин аз сафари қарибулвуқуи Раҷаб Эрдуғон ба Душанбе хабар дод ва изҳори бовар кард, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфта буд.



Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед