Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Нашр шуд
Дар шаҳри Чендуи Чин рӯзи 1 декабр ҷаласаи панҷуми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин ширкат карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ мавқеи ин кишварро дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи сиғаи мазкур, фаъолияти абзорҳои корӣ ва котиботи он ироа намуд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ин ҳамоиш як бистари муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои калидии минтақаӣ ва байналмилалӣ гардид.
Иштирокчиён омодагии худро барои густариши муколамаи сиёсӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳор доштанд. Аз ҷумла дар ин мулоқот ба роҳкори «Субот, амният ва рушди устувори минтақа» таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
«Мавзуъҳои асосии гуфтугӯ ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақаӣ, ҳамкориҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, иқлим ва экология, инчунин тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ буданд», - гуфта мешавад дар хабар.
Таъкид мешавад, ки иштирокчиёни ҷаласа бар аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармоя дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» таъкид карданд. Тадбирҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи киберамният низ баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин ҷанбаҳои асосии омодагӣ ба ҳамоиши дуюми сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ – Чин», ки соли 2025 дар Қазоқистон баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.
Дар поёни ҷаласа изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ қабул шуд, ки дар он тавофуқоти ҳосилшуда инъикос ёфта, роҳи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ муайян карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед