Ru  | Tj
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия қазияи рухдода дар Иркутскро таҳти назорат гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия қазияи рухдода дар Иркутскро таҳти назорат гирифтанд
Акс: Озодӣ

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия қазияи рухдода дар Иркутскро таҳти назорат гирифтанд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров қазияи рухдода дар Иркутск ва кушта шудани шаҳрвандони тоҷик дар онро ба таври муфассал баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дирӯз зимни як гуфтугӯи телефонӣ қазияи дар вилояти Иркутски Русия рух додаро, ки дар пайи он чанд шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта буданд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири тоҷик аз ҳамтои русаш хост, ки ин ҳодиса бояд ҳамаҷониба таҳқиқ гардад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Манбаъ мегӯяд, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин дар ин тамоси телефонӣ ба тавофуқ расидаанд, ки қазияи мазкур таҳти назорати махсуси вазоратҳои хориҷии ду кишвар қарор бигирад.

Вазорат меафзояд, дар ин гуфтугӯ тарафҳо ҳамчунин перомуни вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Душанбеву Маскав, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмон аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти ин созмон табодули афокр кардаанд.

12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия миёни гурӯҳе аз сохтмончиёни тоҷик ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух дода, дар пайи он афроди номаълум вагонҳои истиқоматии сохтмончиёнро ба оташ кашиданд.

Дар натиҷаи ин оташсӯзӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтаву панҷ тани дигар осеб дида буданд.

Қаблан “ТАСС” хабар дода буд, ки Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам гуфта буд, ки баррасии ин қазияро таҳти назорат дорад ва барои пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодиса кормандони консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск ба Иркутск рафтаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед