Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Акс: Интернет

Вазирони хориҷии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби С5+1 видеоконфронс баргузор карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти навбатии маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Маркази ИМА ширкат ва суханонӣ намуд. 

Вазорат дар бораи ҷузъиёти суханронии Вазири тоҷик дар ин видеоконфронс тавзеҳ надода ва танҳо гуфтааст, ки дар ин мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкории шарикии Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби мазкур баррасӣ шудааст. 

Гуфта мешавад вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико бештар ба мавзӯи амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. 

Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қолаби C5 + 1 – ро барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли масоиле, ки ИМА ва ОМ ба онҳо рӯбарӯ мегарданд, таъсис дода буданд. 

Нахустин нишасти формати С5 + 1 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуда буд ва вазирони хориҷии кишварҳо дар он нишаст ба тавофуқ расида буданд, ки таваҷҷуҳи асосӣ дар С5 + 1 ба масоили марбут ба амният, иқтисод ва муҳити зист равона мегардад. 


Муовини Сарвазири Ӯзбекистон дар Кобул бо Сарвазири Толибон мулоқот кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед