Ru  | Tj
Вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк мулоқот карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк мулоқот карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк мулоқот карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк дар нишасти навбатии вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико ширкат ва суханронӣ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони милал дар Ню-Йорк нишасти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» баргузор шуд, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин ширкат ва суханронӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули назар намудаанд.

Манбаъ меафзояд, вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ дар ин нишаст ҳамчунин ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа таъкид кардаанд.

Бояд гуфт, ки қолаби "C5 + 1" формати мусоиди мулоқот барои кӯшишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Нишасти аввалини вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико дар қолаби мазкур моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардида буд. Дар ин нишаст тавофуқ ҳосил шуда буд, ки тарафҳо таваҷҷуҳи хоссаро ба се бахши асосии дорои аҳамияти умумӣ: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист равона намоянд.

Соли гузашта низ дар ҳошияи баргузории иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони милал дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои Осиëи Марказӣ ва Амрико баргузор шуда буд.


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Сиан


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед