Ru  | Tj
Вазирони хориҷии панҷ кишвари ҳамсоя вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии панҷ кишвари ҳамсоя вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони хориҷии панҷ кишвари ҳамсоя вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазирони хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Чин вазъият дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот бо пешниҳоди ҷониби Покистон рӯзи 8-уми сентябр ба сурати маҷозӣ баргузор шудааст ва дар он вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат кардаанд.

Манбаъ афзудааст, ки вазирони хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва Чин ба зарурати пешбурди абзори мақсуд ҳамчун механизми нави ҳамкорӣ ҷиҳати баррасии вазъи кунунии Афғонистон таъкид намудаанд.

Ҳамчунин тарафҳо дар ин гуфтугӯ зикр намудаанд, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои минтақа масъулияти барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ба дӯш бигирад.

Вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсоя дар ин баробар ба масъалаи ироаи кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ба мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи вижа зоҳир кардаанд.

Дар мавриди мавқеи Душанбе Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки «мо ҳеҷ гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард».

Вазири тоҷик афзуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати фарогири ҳамашумул бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва ақалиятҳои миллӣ фаъолият кунад.

Мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар ҳоле баргузор гардид, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар суханронии хеш ба муносибати 30-солагии истиқлол аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари фоҷеаи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

“Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд, зеро ин вазъияти сангин бо гуноҳи худи афғонҳо, балки ба дахолати бегонагон ба вуҷуд омадааст.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* (* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикаст дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки нишон медиҳад панҷшериён як чархболи артиши Покистонро суқут додаанд.

Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед