Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд мулоқот карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд мулоқот карданд
Акс: Интернет

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд мулоқот карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мухтор Тлеуберди дар ҳошияи Конфронси байналмилалии зиддитеррористии Тошканд дидору гуфтугӯ анҷом доданд. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз дар пойтахти Ӯзбекистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мухтор Тлеуберди, муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот кард. 

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар ин дидор маҷмӯи васеи масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва чашмандози рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.  

Ҳамоҳангӣ дар муобриза бо хатарҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ аз меҳварҳои аслии ин мулоқот буд. 

Бояд гуфт, ки дирӯз дар пойтахти Ӯзбекистон Конфронси байналмилалии зиддитеррористии Тошканд баргузор гардид. Сироҷиддин Муҳриддин дар раъси ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд рафтаву дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ кард. 



Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи бузурги нақлиётӣ ба арзиши 828,4 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед