Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар Теҳрон бо ҳамтои эронии худ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дидору гуфтугӯ анҷом дод. 

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ,  дар мулоқоти вузарои хориҷии Тоҷикистону Эрон, ки рӯзи 26-уми октябр дар Теҳрон баргузор гардид, ҷонибҳо бо изҳори алоқамандӣ ба густариши равобити сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ таъкид карданд. 

Муҳриддин ва Абдуллоҳиён ҳамчунин перомуни нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар тавсеаи равобит ва баҳрабардорӣ аз лоиҳаҳои муштарак табодули назар намуданд.  

Манбаъ меафзояд, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон аз дигар меҳварҳои мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон будааст ва онҳо бори дигар ба ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар ва таъмини сулҳу субот таъкид намудаанд.  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ду рӯз пеш бо даъвати ҳамтои эронии худ ва ба манзури ширкат дар нишасти вузарои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Русия ба Теҳрон рафта буд. 

Тоҷикистон аз оғози ба сари қудрат омадани Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) ҳамеша таъкид мекунад, ки танҳо ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Афғонистонро эътироф менамояд.  

Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия: Баррасии ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳ ба вазъи Афғонистон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед