Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Италия перомуни густариши равобити ду кишвар ва вазъи кунунии Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва равобити байналмилалии Италия Луиджи Ди Майоро, ки ба Душанбе омада буд, рӯзи шанбеи 4-уми сентябр ба ҳузур пазируфт.

Манбаъ мегӯяд, зимни баррасии равобити дуҷониба Сироҷиддин Муҳриддин ба рушди ҳамкории Душанбеву Рум дар бахшҳои сиёсату тиҷорат ва иқтисоду амният, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Тарафҳо инчунин бобати вазъи Афғонистон ва минтақа низ табодули афкор намуда, аз мавқеи кишварҳои ҳамдигар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳои амниятӣ ҷонибдорӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел дар як гуфтугӯи телефонӣ мавқеъгириҳои ҳамдигарро дар мавриди мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуда, бобати идомаи тамосҳо дар ҳамаи сатҳҳо ба тавофуқ расида буданд.

Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед