Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон бобати таҳкими сарҳад ва мубориза бо хатарҳои амният гуфтугӯ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон бобати таҳкими сарҳад ва мубориза бо хатарҳои амният гуфтугӯ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон бобати таҳкими сарҳад ва мубориза бо хатарҳои амният гуфтугӯ карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои олмонияш Ҳайко Маас тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо хатарҳои амниятиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни гуфтугӯи телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон, ки 21-уми август сурат гирифт, масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат ва амният мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи Муҳриддин ва Ҳайко Маас буд.

Ҷонибҳо дар ин робита ба зарурати таҳкими сарҳад ва тақвияти иқтидори ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Вазорат мегӯяд, вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон андешидани тадобири муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар шароити муосир зарур шумориданд.

Манбаъ афзудааст, ки тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ аз дигар мавзӯоти гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин Ҳайко Маас буд.

Лозим ба зикр аст, ки масъалаи таҳкими марз баъди оне ки Толибон* (созмони дар Тоҷикистон, Русия ва чандин кишвари дигар мамнуъ) дар Афғонистон ҳукуматро ғасб намуд, ба масъалаи доғи минтақавӣ табдил ёфтааст.

Шоми 15-уми август Толибон пас аз чанд ҳафтаи даргириҳо дохили пойтахти Афғонистон шуд ва қасри раисиҷумҳурро ишғол намуд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардаву Толибон эълон намуд, ки дар Афғонистон як кишвари исломӣ месозад.

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед