Ru  | Tj
Вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия дар Ню-Йорк мулоқот карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия дар Ню-Йорк мулоқот карданд
Акс: Mfa.tj

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия дар Ню-Йорк мулоқот карданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои турки ӯ масоили марбут ба рушди муносиботи Душанбеву Анқараро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлут Човушоғлу мулоқот кард.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин дидор дар Ню-Йорк рушди муносибот ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи вазирони хориҷии Тоҷикистону Туркия қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Сироҷиддин Муҳриддин ҳафтаи гузашта ба манзури ширкат дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Амрико рафта буд. Дар ҳошияи ин иҷлос вай бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамтоëни хориҷии худ чандин мулоқотҳои дуҷониба ва чандҷониба анҷом дод. Вай ҳамчунин, 24-уми сентябр дар мубоҳисаи умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард ва аз ҷумла, дар мавриди иғвоангезиҳои ҷониби Қирғизистон дар мавриди муноқишаҳои марзӣ гуфт.

Муҳриддин ба Гуттериш аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед