Ru  | Tj
Вазирони корҳои дохилии СҲШ амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои дохилии  СҲШ амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд
Акс: Интернет

Вазирони корҳои дохилии СҲШ амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд

Нашр шуд

Дар пойтахти Ӯзбекистон Машварати вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, дар ин машварат роҳбарони вазоратҳои корҳои дохиливу амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв ва давлатҳои нозири созмон, инчунин Интерпол, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, Бюрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, дар ин  нишаст баррасии масоили марбут ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар назар аст.

Имсол раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба уҳда дорад ва моҳи сентябр дар Тошканд саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 бо баёнияи муштараки сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.

Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро доранд.

Саммити қаблии сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор шуда буд.

Дар Данғара Форуми рушди ҳамкориҳои Хатлону Сурхондарë баргузор мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед