Ru  | Tj
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия масоили муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия масоили муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Акс: vkd.tj

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия масоили муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар рӯзи аввали ҷаласаи мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ду тараф масоили муборизаи муштарак бо таҳдидоти ҷаҳони муосирро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ин нишаст масъалаҳои муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экcтремизм, қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳо барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда ва табодули таҷpиба дар бахши ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои оперативӣ ва мухобирот баррасӣ гардиданд.

Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар таъкид карданд, ки муборизаи дастҷамъонаи мақомотҳои ду кишвар барои решакан намудани ҷинояткорӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ нақши арзанда хоҳад гузошт.

Дар ин замина зикр мегардад, ки ҳамзамон дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он мавриди муҳокимаронии роҳбарони аввали Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия қарор гирифт.

Аз сӯйи дигар ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо бо истифода аз антитехнологияҳо, хешонидани маблағҳо бо ин васила, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ мавзӯъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб таваҷҷуҳ намуданд.

Дар баробари ин омода намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имконоти муассисаҳои олии таълимии Вазорати корҳои дохилии Русия низ дар ҷараёни мушовара баррасӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти раҳбарии вазир Колоколтсев рӯзи 5-уми июн вориди шаҳри Гулистони вилояти Суғд шуд. Дар ҳамин ҳол рӯзи дувуми нишасти мушовараи муштараки вазорати умури дохилии Тоҷикистону Русия рӯзи 6-уми июн баргузор шуда, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар назар аст.

Гуфтанист, мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1999 бад-ин сӯ соле ду маротиба баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед