Ru  | Tj
Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карданд
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон изҳороти муштарак қабул карданд

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия дар Теҳрон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон изҳороти якҷоя қабул намуданд.

Бинобар иттилои "Interfax", дар изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон омадааст, ягона роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон - ин таъсиси ҳукумати фарогири сиёсие, ки тамоми гурӯҳҳои этникиро дар бар гирад.

Ҳамчунин, дар баёнияи муштараки вазирон омадааст, ки онҳо мустақилияти миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии Афғонистонро ҷонибдорӣ менамоянд ва мудохила накардан ба корҳои дохилии ин кишварро муҳим арзёбӣ мекунанд.

Илова бар ин, вазирон аз вазъи мураккаби сиёсӣ-ҳарбӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва башардӯстона дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ намуда, арза намудаанд, ки сохтори фарогири сиёсӣ бо ширкати тамоми қавмҳо ягона роҳи баромадан аз мушкилот аст.

Дар изҳорот аз тамоми ҷонибҳои марбут, аз ҷумла "Толибон"* даъват ба амал оварда шудааст, ки бо мақсади беҳтар намудани ояндаи миллат музокироти сиёсӣ ва машваратҳоро анҷом диҳанд

Зимнан, дар изҳорот омадааст, ки масъулини Афғонистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯҳдадор мешавад, ки ба кишварҳои ҳамсоя хатар эҷод намекунад ва кафолат медиҳад, ки аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористӣ ва ҷудоихоҳ истифода намешаванд.

Рӯзи 27-уми октябри соли 2021 дар Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар формати 6+1 бо иштироки Федератсияи Русия баргузор гардид.

* Созмони фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам




Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед