Ru  | Tj
Вазирони корҳои хориҷии СҲШ ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷии СҲШ ба Душанбе меоянд

Вазирони корҳои хориҷии СҲШ ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи 13-уми июл ба Душанбе меоянд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни эъломи сабтиноми намоядагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, хабар додааст, ки рӯзҳои 13-14 -уми июл дар пойтахти кишварамон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро баррасӣ мекунад ва ҷиҳати иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад.

Имсол раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад ва 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 бо баёнияи муштараки сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст ва имсол бистсолагии он таҷлил мешавад.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Сиан


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед