Ru  | Tj
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд
Акс: сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 1 апрел дар Маскав баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Қазоқбоев дурнамои робитаҳои сиёсӣ, тиҷори-иҷтисодӣ ва фарҳанги-гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи захираҳои дарёҳои фаромарзӣ табодули назар карданд.

Ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатӣ диққати махсус дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон зарурати идома додани раванди гуфтушунидро бо такя ба ҳуҷҷатҳое, ки аз расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд, қайд кард. Инчунин аҳамияти риояи қоидаҳо барои пӯшонидани натиҷаҳои вохӯриҳо таъкид карда шуд.

Бо назардошти мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои душаҳрвандиро танзим мекунад, инчунин масъалаи ба тартиб даровардани раванди додани шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ба сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ба миён гузошта шуд.

Дар охири мулоқот вазирон изҳор доштанд, ки риштаҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва бародарии байни ду халқро ҳифз мекунанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух кай сурат мегирад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед