Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазирони мудофиаи давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе ҷамъ омаданд
Нашр шуд
Имрӯз, яъне 28-уми июл вазирони мудофиаи Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ҷаласаи кишварҳои узви СҲШ ба пойтахти Тоҷикистон омаданд.
Ба иттилои "Азия-плюс", нишасти ҳайати мазкур таҳти роҳбарии Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо сурат мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи "Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед