Ru  | Tj
Вазъият дар марз: Низомиёни Афғонистон дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон фирор карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазъият дар марз: Низомиёни Афғонистон дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон фирор карданд
Акс: Интернет

Вазъият дар марз: Низомиёни Афғонистон дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон фирор карданд

Нашр шуд

Дар пайи ҳамлаи “Толибон” теъдоди аз хизматчиёни низомии Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо убури марз ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Бино бар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми июн, соати 19:00 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар»-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд ва дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.

Манбаъ дар ин изҳорот овардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадӣ гуфтааст, дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор доранд.

Маълумотҳо ҳокӣ аз онанд, ки даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи ҶИА задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дошта, вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз ва гузаргоҳҳои «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти ин гурӯҳи террористӣ гузаштаанд. 

Роҳбарони ВКД Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои амният дар манотиқи марзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед