Ru  | Tj
Вазорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон: Агар дар Украина ҳастед, ботаҳаммул бошед

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон: Агар дар Украина ҳастед, ботаҳаммул бошед
Акс: Sputnik

Вазорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон: Агар дар Украина ҳастед, ботаҳаммул бошед

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Украина қарор доранд, хост ботаҳаммул бошанд ва бе зарурати ҷиддӣ манзилҳои зисти худро тарк накунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар пайи ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар қаламрави Украина бо нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар қарор доранд, хост, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва дастуроти ҷоригардида аз сӯи ситоди фавриро қатъиян риоя намоянд.

Ба иттилои сомонаи Вазорат, ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина ҳастанд, даъват карда шудааст, ки ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

Ҳамчунин, дар ин муорҷиатнома гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз имрӯз Русия амалиёти вижаи низомиро дар Донбасс, як минтақаи ҳамакнун мустақилшудаи Украина оғоз кард. Владимир Путин субҳи имрӯз дар ин бобат ба мардуми кишвараш муроҷиатномаи видеоие мунташир намуд ва хабар дод, ки дар мавриди ин амалиёт қарор қабул кардааст.

Путин гуфта, ки ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Русия анҷом медиҳад ҳимоят аз мардумест ки тайи ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд.

Қаблан Русия истиқлолияти Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ва Ҷумҳурии Мардумии Донетскро ба расмият шинохт ва бо ин кишварҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда буд.


Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷик бо исрор хост, ки ба Қирғизистон нараванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед