Ru  | Tj
Вазорат: Беш аз навад дарсади аҳолии кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат: Беш аз навад дарсади аҳолии кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд
Акс: Интернет

Вазорат: Беш аз навад дарсади аҳолии кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд

Нашр шуд

То 27-уми март беш аз навад дарсади аҳолии Тоҷикистон бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 27-уми март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, баробар ба 92,2 фисади аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин бо вояи дуюми ваксина то ин давра 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ба таъкид ба нафароне, ки то имрӯз зидди бемории сироятии коронавирус ваксина нагирифтаанд, гуфтааст, ки ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисти худ муроҷиат намоянд.

Ваксина бар зидди коронавирус ба шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад ва Ситоди ҷумҳуриявии марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар бемории сироятии COVID-19 дар кишвар ҳанӯз моҳи июли соли гузашта бо тасвиби қароре гирифтани ваксинаро барои шаҳрвандони аз ҳаждаҳсола боло ҳатмӣ дониста буд.

 Дар Тоҷикистон алайҳи коронавирус шаҳрвандонро бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.


Вазорат: Масунияти аҳолиро нисбат ба сирояти COVID-19 муайян мекунанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед