Ru  | Tj
Вазорат гуфт, ки дар рӯзи арафа ва ид чанд нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат гуфт, ки дар рӯзи арафа ва ид чанд нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд
Акс: ASIA-Plus

Вазорат гуфт, ки дар рӯзи арафа ва ид чанд нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд

Нашр шуд

Дар ду рӯзи охир дар Тоҷикистон 103 нафар ба бемории коронавирус сироят ёфтанд, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзҳои 19-ум ва 20-уми июл дар Тоҷикистон мутаносибан 52 ва 51 нафар ба бемории COVID-19 сироят ёфта, дар ин ду рӯз 3 нафар фавтидаанд.

Ҳамчунин аз шифоёбии 84 нафар дар ду рӯзи гузашта хабар дода шудааст.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ то 20-уми июл дар Тоҷикистон 14228 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт гардида, аз ин миқдор 13801 нафарё худ 97 % шифо ёфтаанд ва 114 нафар ҳам ҷон бохтаанд.

Ин дар ҳолест, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати иди саиди Қурбон аз мардум хост, то қоидаҳои беҳдоштии шахсиву ҷамъиятиро ҷиддан риоя кунанд.

“Хусусан, дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон аз гаштугузори бемаврид, оростани дастархони серхарҷ ва иштирок дар маъракаҳои серодам худдорӣ карда, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатиро фаромӯш насозанд”, - таъкид намуд Сарвари давлат.

Коронавирус дар Тоҷикистон: дар ду рӯзи гузашта боз 87 нафар гирифтор шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед