Ru  | Tj
Вазорат: Хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дур аз ҳақиқат аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат: Хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дур аз ҳақиқат аст
Акс: Sputnik

Вазорат: Хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дур аз ҳақиқат аст

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилӣ овозаҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар қаламрави Тоҷикистонро дур аз ҳақиқат хонд.

Ба иттилои “Ховар”, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр бо нашри изҳороте хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи хабарии Чин дар ҳудуди Тоҷикистонро беасос хонд.

Дар ин изҳороти расмӣ гуфта шудааст, ки ин маълумот ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносиботи дуҷониба гузошта нашудааст.

Вазорат ба ин масъала рӯшанӣ андохтаву гуфтааст, ки танҳо дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар заминаи зерсохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузориии тамринҳои тактикии муштарак миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар пешбинӣ шудааст.

Вазорат гуфтааст, ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷоти тамринҳои муштаракро Чин ба уҳда гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин низ хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад намуда буд.

Ван Вэнбин зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба савол дар бораи бунёди пойгоҳи низомӣ гуфт: «Бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи ҳарбӣ надорад».

Ҳарбиёни пойгоҳи 201 ба аёдати охири муҳосиршудаи Ленинград дар Тоҷикистон омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед