Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати адлияи ҶТ: Шаҳбози Аброр раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аст
Нашр шуд
Вазорати адлияи Тоҷикистон интихоби раиси Ҳизби демократ Шаҳбози Аброрро тибқи қонунгузории ин кишвар дониста, расман тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ Вазорати адлия ба шикояти Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон мабни бар ғайриқонуни будани анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб посух дод. Дар ин бора хабаргузории расмии “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ба навишати ин манбаъ, Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз 20 рӯзи омӯзиш қарорҳои Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ин ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол намуд.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми майи соли 2024 Ҳизби демократи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини аввали раиси ин ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор намуд.
Тибқи хулосаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, фаъолияти ҳизб дар давраи солҳои 2022-2024 ғайриқаноатбахш эътироф гашт. Пешниҳод гардид, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳизб тағйирот ворид карда шавад.
Вакилони анҷуман номзадии се нафар, аз ҷумла Шаҳбози Аброр, Ҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаровро ба мақоми раиси ҳизб пешниҳод намуданд. Илёсиддин Саидҷаъфаров ихтиёран номзадиашро боз хонд.
Аз ҳайати умумии вакилон, ки 94 нафарро ташкил медод, 64 нафар ба тарафдории Шаҳбози Аброр ва 8 нафар ба ҷонибдории Ҷаббор Юлдошев овоз доданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси овоздиҳии кушода Шаҳбози Аброр бо гирифтани теъдоди бештари овозҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамчунин бо пешниҳоди вакилони анҷуман ва дар асоси овоздиҳӣ Аҳмадшоҳ Комилзода муовини аввал ва Зуҳро Мирзоева муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуданд.
Бояд гуфт, ки Шаҳбози Аброри 34-сола то ин замон раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд.
Шаҳбози Аброр, инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе буда, дар муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” фаъолият дошт.
Гуфта мешавад, ки аз 15-уми апрели соли ҷорӣ дар симати раҳбари КВД “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати Душанбе кор мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки дар соли 2013 баъди санҷиши якмоҳаи Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба унвони раиси Ҳизби демократи ин кишвар шинохта шуда, Масъуди Собиров аз роҳбарии ин ҳизб барканор гардид.
Бояд гуфт, ки айни замон Саидҷаъфар Усмонзода танҳо вакили ин ҳизби сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед