Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазорати дифоъ: Даъвати баҳорӣ ба сафи артиш анҷом шуд
Нашр шуд
Вазорати дифоъи Тоҷикиcтон иттилоъ дод, ки даъвати баҳории ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба анҷом расид. Фармони даъвати ҳарбӣ 1-уми март аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон содир шуда, маъракаи даъват моҳҳои апрел-майи соли равон дар саросари ин кишвар сурат гирифт.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ ба сафи артиш масъулини коргурӯҳҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт ва чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 дарсад иҷро намуданд.
Бо ҳамин тартиб то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар мавриди иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафи ҷузъу томи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии ин кишвар аз ҳисоби ҷавонписароне, ки ихтиёран ба коргурӯҳҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, ба маротиб афзудааст.
Ҳамзамон Вазоарти дифоъи Тоҷикистон зикр мекунад, ки бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар ин самт бархе шаҳрвандон баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба коргурӯҳҳои даъватӣ ҳозир нашуданд. Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин дар айни ҳол рӯйхати ин ҷавонон тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома мекунад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Бояд гуфт, қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед