Ru  | Tj
Вазорати дифои Қазоқистон аз ба эътидол омадани вазъ дар кишвар хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Қазоқистон аз ба эътидол омадани вазъ дар кишвар хабар дод
Акс: Интернет

Вазорати дифои Қазоқистон аз ба эътидол омадани вазъ дар кишвар хабар дод

Нашр шуд

Вазири дифои Қазоқистон гуфтааст, ки мақомоти ин кишвар вазъиятро таҳти назорати худ гирифтааст.

Ба иттилои “ТАСС” рӯзи якшанбе дар брифинги муштараки Султон Гамалетдинов Вазири  дифои Қазоқистон ва Андрей Сердюков фармондеҳи нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) вазъияти феълии Қазоқистон баррасӣ гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, Гамалетдинов ба фармондеҳон ва ҳайати шахсии қувваҳои муттаҳидаи сулҳпарвари СПАД, ки дар пасманзари бетартибиҳо ба Қазоқистон фиристода шудаанд,  ҷиҳати дастгирӣ намудани халқи қазоқ миннатдории хешро баён кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 6 ҳазор нафар, минҷумла шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ боздошт шуда, беш аз 130 нафар дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбар дониста шудаанд. 

Ба хотири кушташудагони ҳодисаи январӣ рӯзи 10-уми январ дар Қазоқистон рӯзи мотам эълон шудааст.

Сарони кишварҳои узви СПАД дар мулоқоти маҷозӣ вазъи Қазоқистонро ба баррасӣ мекашанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед