Ru  | Tj
Вазорати хориҷаи Русия: Путин дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Русия: Путин дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон меравад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Русия: Путин дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон меравад

Нашр шуд

Муовини Вазири хориҷии Русия гуфт, ки Владимир Путин ояндаи наздик ба Душанбе меояд.       

Ба гузориши Sputnik, Андрей Руденко, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия, дар ҳошияи маҳфили мубоҳисавии “Валдай” гуфтааст, ки сафари Владимир Путин ҳанӯз дар рӯзномаи кори вазорат боқӣ мондааст.  

Руденко иброз дошта, аз аввал ҳам сафари Президенти Русия ба Душанбе чун як сафари пурраи давлатӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Аммо ин дипломати баландмақоми рус дар бобати замони дақиқи сафари Путин иттилоъ надодаву танҳо гуфтааст, ки “дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт”.

Владимир Путин бояд рӯзи 15-уми сентябр барои анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар нишастҳои Сарони давлатҳои узви СҲШ ва СААД ба Душанбе меомад.

Аммо як рӯз пеш аз ин вай ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занг заду хабар дод, ки бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш сафараш ба Душанбе лағв мешавад ва ӯ ба қарантина меравад.

Ҳамин тавр, Путин дар ҷаласаҳои Душанбе ба таври маҷозӣ ширкат намуд.

Қаблан Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳам сафари Путин бар Душанберо “сафари расмӣ” эълом намуда, иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни он гуфтугӯи хосаи Сарони ду давлат ва музокироти ҳайатҳои васеи ду кишвар дар назар аст.

Вазорат афзуда буд, ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба таври маҷозӣ дар маросими гузоштани санги асос ба сохтмони панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода ширкат меварзанд.




Вазири эронӣ: Теҳрон хостори рушди равобит бо Душанбе дар заминаи гардишгарӣ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед