Ru  | Tj
Вазорати хориҷӣ: Ашраф Ғанӣ вориди Тоҷикистон нашудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷӣ: Ашраф Ғанӣ вориди Тоҷикистон нашудааст
Акс: Ansor.tj

Вазорати хориҷӣ: Ашраф Ғанӣ вориди Тоҷикистон нашудааст

Нашр шуд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар сомонаи расмии худ бо пахши изҳороте таъкид намуд, ки ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда ва ҳам дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.

“Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бобат аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ дархосте дарёфт накардааст” – зикр шудааст дар ин изҳороти расмӣ.

Шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон рӯзи гузашта ба тасарруфи Толибон* (созмони дар Тоҷикистон, Русия ва чандин кишвари дигар мамнуъ) даромад ва Президент Ашраф Ғанӣ бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард.

Толибон бегоҳи 15 –уми август, вориди Арк, дафтари кории Сарвари Афғонистон шуда, аз фатҳи пойтахт хабар доданд.

Қаблан расонаҳо гуфта буданд, ки ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён боқӣ 32 устони Афғонистон ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Ашраф Ғанӣ ба Душанбе омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед