Ru  | Tj
Вазорати хориҷӣ: Раисӣ ба Душанбе меояд ва раванди қабули Эрон ба СҲШ оғоз меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷӣ: Раисӣ ба Душанбе меояд ва раванди қабули Эрон ба СҲШ оғоз меёбад
Акс: Regnum

Вазорати хориҷӣ: Раисӣ ба Душанбе меояд ва раванди қабули Эрон ба СҲШ оғоз меёбад

Нашр шуд

Дар саммити Душанбе дар бобати оғози раванди қабули Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай қарори махсус ба тасвиб мерасад.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки интизор меравад аз рӯи натиҷаҳои саммити Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи ин созмон қарор қабул кунанд.

Манбаъ афзуд, дар нишасти сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе инчунин ба тасвиб расидани қарори махсус дар мавриди додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ин созмон дар назар аст.

Ҳамчунин дар ин нишаст Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ таъин карда мешаванд.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон дар ин баробар хабар додааст, ки 16- уми сентябр Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Душанбе мегардад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар назар аст ва аз рӯи натоиҷи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Душанбе ва Теҳрон асноди нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Лозим ба зикр аст, ки 17-уми сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, баргузор мешавад.

Дар ин саммит сарони кишварҳои узви СҲШ, сарони давлатҳои нозир ва Президенти Туркманистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СММ (ба таври маҷозӣ) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Вазорати хориҷӣ: Соҳибкорони олмонӣ ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед