Ru  | Tj
Вазорати хориҷӣ: Вакилони Парлумони Аврупо ба наздикӣ ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷӣ: Вакилони Парлумони Аврупо ба наздикӣ ба Душанбе меоянд
Акс: Интернет

Вазорати хориҷӣ: Вакилони Парлумони Аврупо ба наздикӣ ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми феврал Сафири Тоҷикистон дар Брюссел бо  Дэвид Макаллистер, Раиси кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо мулоқот анҷом дод. 

Гуфта мешавад, тарафҳо дар ин дидор ҳолат ва чашмандози ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар умури парлумониро баррасӣ намуда, роҳҳои густариши равобитро баррасӣ карданд. 

Мавзӯъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таъмини субот дар марзи ду кишвар аз дигар меҳварҳои ин мулоқот буд. 

Бо ишора ба ин ки ба наздикӣ ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон меояд, ҷонибҳо ҳамчунин перомуни дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор карданд.

Бояд гуфт, ки  Парлумони Аврупо ниҳоди қонунгузори Иттиҳоди Аврупост. Президенти Тоҷикистон борҳо Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номидааст. Бо дастгирии ин созмон дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо амалӣ гаштаву дар ҳоли иҷроиш ҳастанд. 

Соли гузашта Иттиҳоди Аврупо ба мақсади рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро ба Тоҷикистон кӯмак карда буд.  

Ин созмон ҳамчунин аз мавқеъгириҳои Тоҷикистон дар масоили марбут ба Афғонистон пуштибонии худро изҳор намудааст.


Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед