Ru  | Tj
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: Миёнравон нархи тухмро то 45% боло мебаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: Миёнравон нархи тухмро то 45% боло мебаранд
Акс: news.vtomske.ru

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: Миёнравон нархи тухмро то 45% боло мебаранд

Нашр шуд

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар мавриди афзоиши нархи тухм гуфтааст, ки тибқи таҳлилҳо мушоҳидаҳо бо назардошти аз якчанд даст гузаштан то расидан ба нуқтаҳои фурӯш нархи 1 дона тухм 40-45 фоиз афзоиш меёбад.

Музаффар Мирзозода, муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар баробари ин аз сабабҳои дигари болоравии нархи тухм дар ин кишвар афзоиши хароҷотҳои истеҳсолии корхонаҳои парандапарварӣ, аз ҷумла нархи хӯроки паранда ва доруҳои зидди бемориҳои сироятӣ аз хориҷа воридгардида ва арзиши он дар соли ҷорӣ аз 2 то 20 фоиз боло рафтааст.

Ин манбаъ таъкид мекунад, ки айни замон нархи фурӯши яклухти тухм дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1,10 то 1,20 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон 215 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст, ки ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2022 дар ин кишвар 995,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 162,2 млн дона ё 19,5% зиёд аст. Инчунин гуфта мешавад, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа 16 млн дона тухм содирот карда шуда, айни замон бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ содироти тухми мурғ ба хориҷи кишвар қатъ шудааст.

Бояд гуфт, ки тайи моҳҳои охир нархи тухм дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло рафта, дар ҳоли ҳозир нархи як дона тухм то ба 1 сомониву 75 дирам расидааст. Дар ҳоле ки дар оғози соли ҷорӣ нархи 1 дона тухм дар пойтахт ба ҳисоби миёна 85 дирам ва дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон то 1 сомониро ташкил медод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед