Ru  | Tj
Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷик бо исрор хост, ки ба Қирғизистон нараванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷик бо исрор хост, ки ба Қирғизистон нараванд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷик бо исрор хост, ки ба Қирғизистон нараванд

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри муроҷиатномае аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Қирғизистон таҳсил ва ё кор мекунанд, бо исрор хост, ки аз сафар ба ин мамлакат худдорӣ намоянд.

Ба гузориши Halva.tj, Вазорати корҳои хорҷии Тоҷикистон дирӯз дар сомонаи расмии хеш муроҷиатномаеро нашр намуд, ки дар он ба шаҳрвандоне, ки дар Қирғизистон таҳсил ва ё кор мекунанд, бо исрор таъкид мешавад, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ки новобаста ба фармоиши Девони вазирони Қирғизистон аз 22-уми октябри соли 2021 оид ба муҳайёсозии имконият барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ва фаъолияти корӣ дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави ин кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба тоҷикон ба мушоҳида мерасад.

Вазорат гуфтааст, муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон барои донишҷӯёни тоҷик монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд, раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои онҳоро барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон кашол медиҳанд ва дар аксар маврид ба донишҷӯён шарт мегузоранд, ки маблағи шартномаро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд.

Дар ин муроҷиатнома ҳамчунин таъкид шудааст, ки ба замми ҳамаи ин далелҳои аз ҷониби мақомоти Қирғизистон боздошт гардидани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар низ ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи баҳсҳои марзии бардавом дар ду соли охир бисёр сард шудааст. Ҳарчанд тарафҳо чандин бор сари ин масъала ба тавофуқ расидаанд, аммо ҳар боре ҷониби Қирғизистон пой рӯи ин тавофуқот мегузорад.

Қаблан Девони вазирони Қирғизистон моҳи майи соли гузашта фармоишеро ба судур расонда буд, ки тибқи он вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон манъ мебошад.


КҲФ ва Агентии обуҳавошиносӣ ба мардум муроҷиат кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед