Ru  | Tj
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Амреевро шадидан маҳкум кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Амреевро шадидан маҳкум кард
Акс: Интернет

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Амреевро шадидан маҳкум кард

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти Амреев таассуфовар аст ва ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмони кишварҳои туркӣ мухолифат дорад.

Вазорати корҳои хориҷӣ изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро дар мавриди ҳодисаҳои фоҷиабори ҳафтаи охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода шадидан маҳкум кард.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: "Изҳороти Б. Амреев таассуфовар мебошад, зеро он ба ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад".

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа эҷод мекунад.

Изҳороти Амреев дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, 19-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизи вай Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Дар ин мулоқот тарафҳо протоколе имзо намуданд, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин мешавад.

Русия низ ТЭТ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед