Ru  | Tj
Вазорати корҳои хориҷӣ: Тоҷикистону Туркия рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷӣ: Тоҷикистону Туркия рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷӣ: Тоҷикистону Туркия рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд

Нашр шуд

Тоҷикистону Туркия ба мувофиқа расиданд, ки дар кишварҳои ҳамдигар рӯзҳои фарҳангӣ ва дигар конфронсу нишастҳо баргузор намоянд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ин мавзуъ 12-уми январ дар мулоқоти Ашрафҷон Гулов, Сафири Тоҷикистон дар Истанбул бо Меҳмет Эрсой, Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия баррасӣ шуд.

Дар ин гуфтугӯ тарафҳо дар бобати андешидани иқдомҳои лозим дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва Комиссияи муштараки бахши гардишгарӣ табодули назар карданд.

Гулов таъкид дошт, ки ҷиҳати муаррифии бештари иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид бо Туркия Сафоратхонаи кишвар дар садади баргузор намудани ҳамоиши сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия аст.

Ҳамчунин сафири тоҷик ва вазири турк ба мувофиқа расиданд, ки ба манзури густариши равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ҳамоишу конфроснҳо, аз ҷумла рӯзҳои фарҳангӣ баргузор гарданд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз оғози имсол шаҳрвандони 52 кишвар, аз ҷумла Туркия метавонанд бе гирифтани раводид ба Тоҷикистон биёянд.

Гуфта мешавад, мӯҳлати будубоши шаҳрвандони ин 52 кишвар, аз ҷумла Туркия, бидуни раводид дар қаламрави Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст.

Ҳамчунин Туркия низ барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст ва шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Туркия бе раводид то 90 рӯз иқомат намоянд.


Аз дарси маҳорати актёрӣ то консерти Гжел ва боздид аз Норак. Рӯзҳои фарҳангии Русия ифтитоҳ меёбад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед