Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз воридоти бесобиқаи худравҳои барқӣ хабар дод
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон барномаи гузаштан ба нақлиёти “сабз” бо суръат амалӣ шуда, воридоти худравҳои барқӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ин кишвар «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037» тасвиб шуда, ин ниҳод рушди нақлиёти устувори "сабз" - ро яке аз вазифаҳои асосӣ мешуморад.
Гуфта мешавад, ки бо ҳадафи татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» воридоти худравҳои барқӣ ба ин кишвар идома дорад. Аз ҷумла бар асоси маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ин кишвар 8778 адад худрави барқӣ ворид шуд, ки нисбат ба тамоми соли гузашта 5423 адад зиёд мебошад.
Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 666 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла 52 ҳазору 362 адад боркаш, 16 ҳазору 554 адад мусофирбар ва 587 ҳазору 74 адад сабукрав сабт шудаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки айни замон дар соҳаи нақлиёти автомобилии Тоҷикистон 211 ширкат дорои иҷозатномаи фаъолият ҳастанд. Аз ин шумора 64 адад боркашонӣ ва 70 ададашон мусофиркашонӣ мекунанд. Илова бар ин, 76 корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ фаъолияти худро дар шакли омехта амалӣ месозанд.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки аз ширкату корхонаҳои нақлиётии амалкунанда танҳо 121 (57%) ададашон заминаи моддӣ-техникии мувофиқ доранд ва ин вазъ боиси он мегардад, ки на ҳамаи ширкату корхонаҳо ба мизоҷон хизмати босифат мерасонанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед