Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: Мардуми деҳот нисбат ба сокинони шаҳрҳо умри бештар мебинанд
Нашр шуд
Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии масъалаҳои пиршавӣ ва пуштибони иҷтимоии пиронсолон таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Ниҳоди мазкур иттилоъ медиҳад, ки давомнокии умри миёна дар Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои пешин афзоиш ёфтааст, ки ин аз беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи хидматрасонии тиббӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ба иттилоъи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба торихи аввали соли 2023 давомнокии умр дар ин кишвар ба 75,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 73,5 сол ва барои занҳо – 76,8 сол баробар буд.
Дар ин баробар таъкид мешавад, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 дарсад зиёд буда, ба 76,1 сол баробар аст, аз ҷумла барои мардҳо – 74,6 сол ва барои занҳо – 77,7 сол рост меояд.
Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиши шумораи аҳолии синну соли корӣ, шаҳрвандони синни калонсоли қобили кор низ дар Тоҷикистон мунтазам меафзоянд ва ин нишондод дар панҷ соли охир 6,3 дарсад зиёд шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба торихи 1-уми марти соли 2023 шумораи бознишастагон дар ин кишвар 764 ҳазору 907 нафар мебошад ва ҳамасола ба ҳисоби миёна 3,3 дарсад зиёд мешавад.
Аз шумораи умумии бознишастагон 372 ҳазору 352 нафар ё 51,05 дарсад бознишастае мебошанд, ки ҳаққи бознишастагии пиронсолӣ, аз ҷумла ҳаққи кории пиронсолӣ, ҳаққи суғуртаии пиронсолӣ ва ҳаққи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.
Ба торихи 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи ҳаққи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 372,35 сомонӣ аст, ки нисбат ба 6-7 соли пеш ба андозаи 41,05 дарсад зиёдтар аст.
Илова бар ин, тибқи махзани иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоъӣ соли равон ба 4268 нафар пиронсоли яккаву танҳо дар Тоҷикистон кумакпулӣ таъйин гардида, дар ҳайати оилаҳои нодор, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоъӣ пардохт карда мешавад, 61 ҳазору 773 нафар бознишастаи аз 65-сола боло зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аз кафолатҳои иҷтимоъии давлатӣ бархурдор мебошанд.
Ҳамзамон тибқи қонунгузорӣ барои шахсони синну солашон аз 80-сола боло хидматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок пешбинӣ гардидааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед