Ru  | Tj
Вазорати тандурустӣ: Як ҳафтаи охир касе дар Тоҷикистон аз коронавирус нафавтидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: Як ҳафтаи охир касе дар Тоҷикистон аз коронавирус нафавтидааст
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: Як ҳафтаи охир касе дар Тоҷикистон аз коронавирус нафавтидааст

Нашр шуд

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ давоми як ҳафтаи охир касе дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон набохтааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамарӯза омори гирифторшавӣ, шифо ва марги шаҳрвандон аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр менамояд, аз 30-юми июл ба ин тараф ягон ҳолати марг аз ин бемориро сабт накардааст.

Бар пояи ахбори ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 71 нафар ба коронавирус гирифтор шудаву 79 тани дигар шифо ёфтаанд.

Рӯзи қабл ҳам шумори табобатёфтагон бештар аз гирифторшудагон буд.

Аз аввали бақайдгирӣ то 4-уми август дар Тоҷикистон 15364 нафар ба коронавируси нави COVID-19 сироят ёфтаву аз ин теъдод 14867 нафар (96,8%) сиҳат гаштаанд ва 121 ҳолати марг сабт шудааст.

Қаблан Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ гуфта буд, ки эълони карантин дар Тоҷикистон дар нақша нест, аммо то охири сол бояд 62,5 фисади сокинон ваксина бигиранд.

Дар Тоҷикистон шумораи фавтидагон аз мавҷи дуввуми COVID-19 ба 109 нафар расидааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед