Ru  | Tj
Вилоятҳои Хатлону Сурхондарë беш аз бист шартномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вилоятҳои Хатлону Сурхондарë беш аз бист шартномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд
Акс: Anadolu Agency

Вилоятҳои Хатлону Сурхондарë беш аз бист шартномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд

Нашр шуд

Миëни мақомот ва соҳибкорони вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарëи Ӯзбекистон як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ба иттилоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз натоиҷи Ҳамоиши рушди ҳамкории вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон 23 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Манбаъ меафзояд, 13-уми август дар шаҳри Норак Ҳамоиши рушди ҳамкории вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва  Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он раисони ҳарду вилоят ва соҳибкорон иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш аз ҷумла, Харитаи роҳ миёни ду вилоят, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартномаи сармоягузорӣ ва 6 шартнома барои содироти молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар имзо шудаанд.

Соли гузашта  ҳайати вилояти Хатлон низ таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода ба Сурхондарё сафар карда, бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин  минтақа шинос шуда буд.

Қаблан Halva.tj иттилоъ дода буд, ки Раиси вилояти Омски Русия низ ба  наздикӣ дар раъси ҳайати соҳибкорон ва роҳбарони ниҳодҳои масъули ин вилоят ба Хатлон омада ва бо имконоти рушди ҳамкориҳо ошно мегардад.


Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишномаҳои грантӣ ба миқдори 35 миллион долларро ба имзо расониданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед