Ru  | Tj
Вилояти Хатлон: 513 иншооти ҷашнӣ аз нақша берун сохта шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вилояти Хатлон: 513 иншооти ҷашнӣ аз нақша берун сохта шуд
Акс: Интернет

Вилояти Хатлон: 513 иншооти ҷашнӣ аз нақша берун сохта шуд

Нашр шуд

Бинобар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бо мақсади таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон сохтмону азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шуда, лекин дар ин вилоят 8180 иншооти идона бунёду таҷдид гардидааст.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президент, дар вилояти Хатлон 8180 иншооту биноҳо бо маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард сомонӣ сохта шуда, нақшаи тасдиқгардида тақрибан 107% иҷро шудааст.

Гуфта мешавад, дар муддати 30 сол аз тарафи низоми бонкии Тоҷикистон ба аҳолӣ ва соҳибкорони вилоят беш аз 18 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда 16%-и қарзи дар кишвар додашударо ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар муддати нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 22 корхонаи ҷадиди саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Президент таъкид доштааст, ки дар муқоиса ба дигар минтақаҳои кишвар дар вилояти Хатлон саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ рушди чашмрас надорад.

Илова бар ин, президент роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муаззаф намудааст, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда чораҳои саривақтӣ андешанд. 

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба истифода додани иншооти ҷашнӣ 3 рӯз боз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом медиҳад. Имрӯз сарвари давлат ба ноҳияи Хуросон ташриф овард.


Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти "Кафолатбонк"- ро бозхонд намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед