Ru  | Tj
Вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 30 тонна меваи хушк содир намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 30 тонна меваи хушк содир намуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 30 тонна меваи хушк содир намуд

Нашр шуд

Дар чор моҳи соли равон аз вил­ояти Суғд ба кишварҳ­ои хориҷи дуру наздик наздик 30 ҳазор тонна хушкмева ба ма­блағи 12 миллион дол­лар содирот карда шу­дааст. Дар содироти меваи хушки коркардш­уда саҳми корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара назаррас аст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Исфара 11 кор­хона ба коркарди мев­аи хушк машғул аст. Ҳамчунин корхонаи "Исфара фуд" давоми чор моҳи соли рав­он беш аз 778 тонна меваи хушкро ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Амрико, Ироқ, Полша, Русия ва дигар кишварҳо соди­рот намудааст. Масъу­лини ҷамъият иттилоъ доданд, ки дар як моҳ то 200 тонна мева­и хушк бо бандубасти замонавӣ содирот намудаанд.


Соли 2023 корхонаи мазкур беш аз 1700 тонна меваи хушкро ба роҳ монд ва имсол ин ни­шондод зиёд карда ме­шавад.

Тибқи иттилои мас­ъулин ҳоло дар ин ко­рхона меваи хушк кор­кад ва ба таври замо­навӣ бандубаст гард­ида, давоми чор моҳ зиёда аз 500 тонна ба хориҷи кишвар содир­от карда шудааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2023 дар вилояти Суғд 222 ҳазору 521 тонна мева, аз ҷумла 157,2 ҳазор тонна зардолу истеҳсол гардид. Майдони боғи зардолу дар ин вилоят 51 ҳазор гектар буда, 35 ҳазору 500 гектари он ҳосилдиҳанда аст.09:30


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед