Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
ВКД: Дар ҳудуди пойтахт нигоҳдории ҳайвонот мамнуъ аст
Нашр шуд
Беш аз 200 нафар барои парвариши ғайриқонунии ҳайвонот дар шаҳри Душанбе муҷозот шуданд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо нашри баёнияе хотиррасон кард, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи пойтахти Тоҷикистон муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар Душанбе, ки ду сол тамдид шуда буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расидааст.
Бо вуҷуди ин ба таъкиди ин ниҳод, бархе сокинони шаҳри Душанбе бар хилофи қонунгузорӣ, дар манзили истиқоматии худ чорвои гуногун парвариш мекунанд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки танҳо давоми чанд рӯзи санҷишҳо, аз ҷониби кормандони полиси пойтахт беш аз 200 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот муайян карда шуда, нисбати шаҳрвандон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Вобаста ба ин, раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват кард, ки ҳар чи зудтар камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба парвариши ҳайвонот дар ҳудуди Душанбе роҳ надиҳанд, зеро баргузории амалиёту санҷишҳо дар ин замина идома хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки ду сол қабл 7659,25 гектар замини ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави шаҳри Душанбе ҳамроҳ карда шуд. Ҳамин тариқ масоҳати пойтахти Тоҷикистон ба 20 318,25 гектар расонида шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 аҳолии пойтахти Тоҷикистон беш 1 миллиону 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед