Ru  | Tj
ВКД-и Русия: Иҷозатнома барои истиқомати муваққатии хориҷиён бекор карда шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКД-и Русия: Иҷозатнома барои истиқомати муваққатии хориҷиён бекор карда шавад
Акс: ТАСС

ВКД-и Русия: Иҷозатнома барои истиқомати муваққатии хориҷиён бекор карда шавад

Нашр шуд

ВКД-и Русия ба қоидаи будубоши хориҷиён дар Русия тағйирот ворид намуд. Лоиҳаи қонун дар қолаби федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст. Дар ин бора ОИР “Новости” хабар медиҳад.

Ба ҳамин минвол, ниҳоди зикршуда 3 ҳолати будубоши муҳоҷиратро пешниҳод менамояд:

- кӯтоҳмуддат: на бештар аз 90 рӯзи тақвими солона;

- дарозмуддат: беш аз 90 рӯзи тақвими солона бе гирифтани иҷозат оид ба зисти доимӣ;

- Зисти доимӣ (бемӯҳлат).

Ба шарҳи манбаъ, ба хориҷиёне, ки дар даст иҷозатнома доранд, имкон дода мешавад, ки бе убури хати сарҳад дар ҳуҷҷат мақсади будубоши худро дар ҳудуди Русия иваз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки барои вуруд ва ё будубоши дарозмуддат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳуҷҷати ягонаи электронӣ дода мешавад. Дар ин бора дар лоиҳаи қонуни ВКД ФР гуфта шудааст.



Дар Русия ваксинаи зидди коронавирус барои донишҷӯёни хориҷӣ дастрас гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед