Ru  | Tj
ВКД: Хатмкунандагони тоҷики донишгоҳи Русия вазифадоранд дар ватан хизмат кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКД: Хатмкунандагони тоҷики донишгоҳи Русия вазифадоранд дар ватан хизмат кунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

ВКД: Хатмкунандагони тоҷики донишгоҳи Русия вазифадоранд дар ватан хизмат кунанд

Нашр шуд

Иттилои паҳншуда дар шабакаҳо дар бораи хизмати донишҷӯёни Тоҷикистон дар пулиси Русия воқеият надорад, эълом дошт Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

ВКД Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ин кишвар, ки донишгоҳҳои ҳуқуқшиносии Русияро хатм кардаанд, вазифадоранд, дар ватан хизмат кунанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Раёсати омодасозии кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

«Мо бо Вазорати корҳои дохилии Русия аз соли 2007 созишномаи дуҷониба дорем ва қаблан ҳам мо кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар заминаи донишгоҳҳои Русия ба таври ройгон омӯзиш медодем ва онхо вазифадоранд, ки панҷ сол дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хизмат кунанд", - гуфт намояндаи ВКД.

Вай афзуд, ки интихоби довталабон барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия ҳамасола дар чаҳорчӯби бурсияҳои таҳсилӣ сурат мегирад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳар сурат хатмкардаҳои Тоҷикистон наметавонанд дар Вазорати корҳои дохилии Русия хидмат кунанд, зеро мақомоти интизомии Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро қабул намекунад.

Хотиррасон мекунем, ки ахиран дар вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон дар бораи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия барои солҳои 2024-2025 нашр шуд.

Баъди ин дар шабакаи Телеграмм хабар пайдо шуд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатм дар полиси Русия хидмат хоҳанд кард. Қабл аз ин Вазорати корҳои дохилии Русия низ ин хабарро рад карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед