Ru  | Tj
ВКД: Муштариёни фолбинону “ҷодугарон” низ муҷозот хоҳанд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКД: Муштариёни фолбинону “ҷодугарон” низ муҷозот хоҳанд шуд

ВКД: Муштариёни фолбинону “ҷодугарон” низ муҷозот хоҳанд шуд

Нашр шуд

Дар як моҳи охир мақомоти полис 150 нафарро барои рафтан пеши фолбину “ҷодугар” ҷазо дода, исми онҳоро ба махзани иттилооти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ворид карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону “ҷодугарон” мераванд, низ ҷазо дода хоҳанд шуд.

Ин ниҳод таъкид мекунад, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои фаврӣ ва пешгирикунанда маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону “ҷодугарон” рафта, ба онҳо маблағ пардохт мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин афрод дар ин ниҳод сабт шуда, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Бо назардошти ин, ҷиҳати пешгирӣ аз чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, нисбати онҳо мавод тартиб дода шуда, исми ин афрод дар махзани иттилоотии ВКД бо аксҳояшон гузошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, давоми соли ҷорӣ танҳо дар ҳудуди пойтахт 141 нафар фолбинону ҷодугарон муайян ва нисбаташон чораҳои қонунӣ татбиқ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ахиран ҷазо нисбати фолбинону ҷодугарон вазнинтар карда шуд. Тибқи тағйироти наве, ки ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5760 то 7200 сомонӣ) ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъйин карда мешавад.

Ҳамзамон дар моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ иловаҳо ворид карда шуд. Нисбати фолбиноне, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол такроран ба ин кирдор даст мезаданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Тибқи талаботи моддаи мазкур дар чунин ҳолат нисбати фолбинон ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед