Ru  | Tj
Владимир Путин гуфт, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ширкат хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Владимир Путин гуфт, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ширкат хоҳад кард
Акс: rambler.ru

Владимир Путин гуфт, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ширкат хоҳад кард

Нашр шуд

Владимир Путин барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия соли 2024 розӣ шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон ва иштирокдорони суҳбат бо Путин, ки пас аз маросими тантанаӣ дар Рӯзи Қаҳрамонони Ватан баргузор шуд, хабар доданд.

Ба гуфтаи ширкаткунандагон, раиси порлумони ҷумҳурии мардумии Донетск Артем Жога аз Путин дархости дахлдорро матраҳ кард ва раисиҷумҳури Русия ба ин розӣ шуд.

Бояд гуфт, ки ваколатҳои феълии Путин ба ҳайси раисҷумҳури Русия 7-уми майи соли 2024 ба охир мерасад. Интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ дар Русия рӯзи 17-уми март баргузор мешавад.

Гуфтанист, Владимир Путин бори панҷум аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ширкат мекунад. Дар сурати пирӯзӣ Путин 6 соли дигар, яъне то соли 2030 дар курсии раҳбари Русия хоҳад буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед