Ru  | Tj
Вохӯрии Путин ва Байден дар Женева: коршиносон чӣ пешгӯйӣ мекунанд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вохӯрии Путин ва Байден дар Женева: коршиносон чӣ пешгӯйӣ мекунанд?
Акс: Интернет

Вохӯрии Путин ва Байден дар Женева: коршиносон чӣ пешгӯйӣ мекунанд?

Нашр шуд

Саммити президенти Русия ва ИМА 16-уми июн дар Женева сурат мегирад, ки дар ин бора маркази матбуотии Кремлин хабар медиҳад.

"Тибқи созиши ҳосилшуда президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 16-уми июн дар Женева бо президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден музокирот мегузаронад", - омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Баъд аз ба сари ҳокимият омадани президенти ИМА - Байден, ин нахустин вохӯрии инфиродии Путин бо ӯ хоҳад буд.

Аммо коршиносони амрикоию канадагӣ ҳангоми вохӯрӣ ба натиҷаи дилхоҳ расидани ин ду сарони давлат шӯбҳа доранд.

"Коршиносони амрикоӣ ва канадагӣ пешгӯӣ менамоянд, аз эҳтимол дур аст, ки саммити президенти Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷо Байден ягон натиҷаи дилхоҳ диҳад, дар вохӯрӣ "гӯшт" намешавад",- шарҳ медиҳад ОИР "Новости".

Илова бар ин, дар назар аст, ки президентҳо дар масоили густариши муносибати дуҷониба, маҷмӯи масъалаҳои рушди устувори стратегӣ, ба танзим даровардани муноқишаҳои минтақавӣ ва мубориза бо пандемия сӯҳбат анҷом диҳанд.

Собиқ корманди Хадамоти марказии иктишофӣ (ХМИ) Рэймонд Макговерен ба ОИР "Новости" гуфтааст, интизор меравад, ки Путин дар сӯҳбати инфиродӣ масоили стратегӣ ва як қатор мушкилоти ҳассосро ба миён мегузорад. Ба андешаи ӯ вохӯрӣ натиҷабахш нахоҳад шуд.

Инчунин, собиқ мушовир-сафири сафорати Канада дар Маскав Патрик Армстронг мутмаин аст, ки вохӯрии президентҳо чизеро тағйир нахоҳад дод. "Ягон тағйиротро интизор нестам, ин дар ҳолест, баъзе аз нафарони дар раёсати Байден-Харрис фаъолият мекардагӣ ба Русия сӯйиқасд доранд ва муносибати ду ҷонибро то дараҷае вайрон намудаанд",- арз менамояд собиқ вакил.

"Байден мехоҳад худро назаррас ва муҳим нишон диҳад ва барои вазъиат ҷавобгар аст; Путин ба ин гуна худнишондиҳӣ зарурат надорад",- илова намуд ӯ.

Аммо дар робита ба ин, мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ кардаанд.



Путин ба Тоҷикистон меояд: кай ва чаро?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед