Ru  | Tj
Вуруди Ричард Беннет ба Афғонистон мамнуъ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вуруди Ричард Беннет ба Афғонистон мамнуъ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Вуруди Ричард Беннет ба Афғонистон мамнуъ шуд

Нашр шуд

Давлати Толибон* вуруди Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башарро ба Афғонистон мамнӯъ кардааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ки Беннет аз вуруд ба Афғонистон мамнӯъ шуд, зеро вай "ба далели таблиғ алайҳи Афғонистон муваззаф шудааст ва касе нест, ки мо ба суханони вай бовар кунем".

Сухангӯи Толибон* иддао кард, ки Ричард Беннет аз як масъалаи кӯчак бузургнамоӣ мекунад ва ба созмонҳои дигар маълумоти бардурӯғ медиҳад.

Созмони Милали Муттаҳид ва Ричард Беннет то кунун ба ин тасмими Толибон* вокуниш нишон надодаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2022 Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид Ричард Беннетро ба ҳайси гузоришгари вижа барои назорати ҳуқуқи башар дар Афғонистон таъйин кард.

Ин шӯро ҳадаф аз таъйини Беннет ба ин мақомро назорату мустанадсозии масоили нақзи ҳуқуқи башарӣ дар Афғонистон хонд.

Қобили зикр аст, ки Беннет тайи ин ду соли чандин гузориш дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон нашр карда ва дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башар суханронӣ кардааст.

Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари СММ дар гузориши ахири худ бо ишора ба саркӯби занону духтарони Афғонистони тавассути Толибон*, хостори ворид кардани ҷурми «табъизи ҷинсӣ» дар қавонини байналмилалӣ шудааст.

Вай ба тозагӣ бо 29 коршиноси дигари СММ дар баёнияи муштарак гуфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд равобит бо ҳукумати Толибон*-ро одисозӣ кунад.

Ин коршиносон аз талошҳо барои шурӯи як парвандаи алайҳи Толибон* дар Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ ба далели нақзи Конвенсияи рафъи табъиз алайҳи занон ва дигар асноди қобили иҷро, ҳимоят кардаанд.


 *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед