Ru  | Tj
Вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст
Акс: ASIA-Plus

Вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Дар шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 276,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид шуд.

Саъдӣ Қодирзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки имсол ба Тоҷикистон 276,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 125,2 миллион доллари он сармояи мустақим аст.

Қодирзода афзуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион доллар, аз ҷумла сармояи мустақим 45,4 миллион, зиёдтар аст.

Дар шарҳи ин матлаб гуфта шуд, ки дар ин давра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз Чин- 104, 0 миллион доллар, Люксембург- 66,8 миллион доллар, Туркия- 13,5 миллион доллар, Швейтсария- 13,1 миллион доллар, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ- 10,6 миллион доллар, Филиппин- 8,6 миллион доллар, Британияи Кабир- 6,9 миллион доллар, Кипр- 4,6 миллион доллар, Амрико- 4,5 миллион доллар, Кувайт- 4,1 миллион доллар, Олмон- 1,7 миллион доллар, Фаронса-1,2 миллион доллар, Русия- 1,1 миллион доллар ва Қазоқистон- 0,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст.

Ба иттилои Қодирзода сармояи мустақим дар ин давра ба ҷумҳурӣ асосан аз Чин, Туркия ва Швейтсария ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон ҷалби сармоягузории хориҷӣ яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисоди миллӣ дониста мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар оғози соли равон ҷиҳати танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ супориш дода буд, ки барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Чин ба Тоҷикистон дар соли вазнини иқтисодӣ (2020) 152 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед