Ru  | Tj
Яҳё Санвор ҷойгузини Исмоил Ҳания дар Ҳамос шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Яҳё Санвор ҷойгузини Исмоил Ҳания дар Ҳамос шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Яҳё Санвор ҷойгузини Исмоил Ҳания дар Ҳамос шуд

Нашр шуд

Яҳё Синвори 61-сола соли 2011 ҳангоми табодули асирон миёни Исроил ва фаластиниҳо озод шуд. Санвор дар садри рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Исроил қарор дорад.

Гурӯҳи Ҳамос, ки назорати Ғаззаро дар даст дорад, эълон кард, Яҳё Санвор, раҳбари ин гурӯҳ дар Ғазза, Исмоил Ҳанияро, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон кушта шуд, иваз мекунад.

Интихоби Санвор ба унвони раҳбари ҷадиди сиёсии Ҳамос дар ҳоле эълон шудааст, ки ӯ тайи 10 моҳи ахир аз оғози ҷанг миёни Исроил ва Ҳамос дар миёни мардум дида нашудааст.

Бояд гуфт, ки Яҳё Санвор дар садри рӯйхати мавриди пайгарди Исроил қарор дорад. Исроил ӯро яке аз афроди масъули ҳамлаи рӯзи 7 октябр ба ҷануби ин кишвар медонад.

Ҳарчанд гуфта мешавад, Яҳё Санвор дар дохили Ғазза аст, аммо макони ӯ эълон нашудааст.

Яҳё Санвори 61-сола бо лақаби Абу Иброҳим дар урдугоҳи паноҳандагон Хон Юнус дар ҷануби навори Ғазза ба дунё омадааст.
Бояд гуфт, ки Яҳё Санвор дар умум барои муқовимат бо Исроил дар умум 22 соли умри худро пай дар пай дар зиндонҳои Исроил сипарӣ кардааст.

Санвор соли 2011 дар ҷараёни табодули асирон миёни Исроил ва фаластиниҳо озод шуд. Дар ин мубодила, 1027 маҳбуси фаластинӣ бар ивази гаравгони исроилӣ озод карда шуданд.

Вақте ки Санвор аз зиндон раҳо шуд, Исроил ба ишғоли навори Ғазза хотима дода буд ва Ҳамос пас аз даргириҳо бо ҷунбиши Фатҳ, назорати Ғаззаро дар даст гирифта буд.

Санвор соли 2013 узви дафтари сиёсии Ҳамос дар навори Ғазза интихоб шуд ва пас аз чаҳор сол раиси ин дафтар шуд.

Хотиррасон мекунем, ки Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, субҳи 31 июл дар қароргоҳи худ дар Теҳрон кушта шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед